image

Беҳсозии истиқлолияти иқтисодӣ ва беҳтаркунии вазъи занон дар Осиёи Марказӣ тавассути дастрасӣ ба обёркунӣ ва инфрасохтор

date_range28.11.2023, 10:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye441

«Беҳсозии истиқлолияти иқтисодӣ ва беҳтаркунии вазъи занон дар Осиёи Марказӣ тавассути дастрасӣ ба обёркунӣ ва инфрасохтор» аз лоиҳаҳои муҳим ва васеъ миқёси минтақавиест, ки зимни баргузории як хамоиши сатҳи баланд бо ишироки намояндаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, ҳукмативу маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Лоиҳаи минтақавӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешавад. Маблағи умумии лоиҳа беш аз 500 ҳазор доллар буда, баҳрабардорони мустақим дар кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 10 ҳазор нафар ва баҳрабардорони ғайримустақим бошад беш аз 180 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Амалишавии зина ба зинаи ин лоиха ба идоракунии оқилонаи захираҳои об дар минтақа нигаронида шудааст. Тавре баён шуд мушкилоти мазкур барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ хос мебошад аз ин ру Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) ташаббуси лоиҳаи минтақавии фаромарзӣ дар соҳаи истифодаи устувори об барои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро саривақтӣ ва мувофиқ донистааст.  

Дар баромадхо махсус зикр шуд, ки тағйирёбии иқлим дар якҷоягӣ бо усулҳои бесамар ва кӯҳнашудаи обёрӣ боиси кам шудани ҳаҷми оби обёрӣ гардида, дар навбати худ ба ҳосилнокии кишоварзӣ ва некӯаҳволии иҷтимоию иқтисодии сокинони деҳот таъсири манфӣ мерасонад.

Лоиҳа, пеш аз ҳама, ба ҳалли мушкилоти норасоии об тавассути ҷорӣ намудани усулҳо ва технологияҳои нави обёрӣ ба ҳосили кишоварзӣ мусоидат мекунад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзие, ки асосан аз ҷониби занони Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон роҳбарӣ мешаванд, метавонанд устувории кишоварзиро дар минтақа беҳтар намоянд.

Дар умум ҳадаф аз амалигардонии лоиҳаи мазкур ва ташкилу баргузории хамоиш ин эҷоди тағйироти мусбат ва пойдор дар хаёти занон тавассути таъмини дастрасии онҳо ба захирахои асоси ва зерсохтор барои баланд бардоштани истиқлолияти иқтисодии онҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ ва мусоидат ба баробарии гендерӣ мебошад.

Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа ҳолати иқтисодии беш аз 10 000 нафар, ки аз ин шумора наздик ба 5 660 нафарашонро занон мебошанд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтар хоҳад шуд.

Қиёмиддини Ҳомид

"ТВ Душанбе"