Баргузории ҳамоиши тантанавӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президентро бо иштироки сокинону фаъолони ноҳия бо рӯҳияи идона дар як фазои орому осоишта истиқбол намуданд.
Дар ин рӯз иштирокдорон вобаста ба нақши Иҷлосия ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, ки тули ин се даҳсола баҳри миллати сарбаланди тоҷик кашидааст сухан карданд.
Чорабинии навбатии масъулини ноҳияи Сино, ки дар толори барҳавои мақомоти ноҳия доир шуд, бо садо додани суруди миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Дар ин чорабинии бошукӯҳи идона ҷавонони фаъол, роҳбарони муассисаиҳои мактабию томактабӣ, гирандагони стипендияҳо, шоирону нависандагон ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеаи ҳудуди ноҳия иштироки фаъол доштанд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиши идона муовини Раиси ноҳияи Сино Ашӯрбӣ Каримова сухан карда, кулли иштирокдорон ва дар симои онҳо тамоми мардуми сабаланди кишварро ба таҷлили ин ду санаи барои мардуми тоҷик муҳим таҳният гуфтанд.
Инчунин зимни баромади хеш ҳозирин иброз доштанд, ки таърихи нави давлатдории тоҷик гувоҳ аст, ки Иҷлосияи тақдирсози 16–уми Шӯрои Олӣ, ки 30-сол муқаддам дар ҳамин рӯзҳо дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуда буд, дар ҳаёти сиёсии кишвари мо гардиши куллӣ буд, ки бо саъю ибтикороти фарзонафарзанди миллат, Меъмори сулҳ ва Пешвои муаззами миллат давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба самти низоми нави давлатдории дунявӣ, ҳуқуқбунёду демократӣ равона шуда ва ҳамин тариқ ба дипломатияи муваффақ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсӣ ноил гардид.
Дар идома дигар иштирокдорон ба сухан баромада қайд карданд, ки «Имрӯз барои мо тоҷикон рӯзи муқаддас аст. Бо итминон метавон гуфт, ки Иҷлосияи таърихии 16–уми Шӯрои Олӣ тақдири мардуми тоҷикро ҳал намуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки аз ин иҷлосия се чиз дар хотираи мардуми кишвар то ба ҳол боқӣ мондааст якум вақте ки Эмомалӣ Раҳмон парчами Тоҷикистонро бӯсида, ки ин маънои арҷгузорӣ ба муқаддасоти Тоҷикистон буд, дуввум ӯ дар ин иҷлосия ба мардум муроҷиат карда гуфта буд, ки: “Ман ба Шумо сулҳ меорам” ва “То ҷон дар бадан дорам ҳамаи гурезагонро ба Ватан бармегардонам”. Ӯ ба ин ваъдаҳои худ содиқ монд, онҳоро иҷро кард ва барои ободиву шукуфоии кишвари худ камари ҳиммат баст.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар он рӯзҳо вазъи ташвишоваре дошта, ҷанги таҳмилии миёни тоҷикон оғоз шуда, хатари аз байн рафтани кишвари мо ба вуҷуд омада буд, ки баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ даъвати дувоздаҳум барои миллат ва давлати мо бисёр муҳим буд. Яке аз масъалаҳои асосии ин Иҷлосия интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ буд, ки маҳз бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат Ҳукумати конститутсионӣ барқарор шуда, алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардид ва дар натиҷа Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа ба имзо расид, ки оғози ҳамаи ин дастовардҳо бешак ба Иҷлосияи сарнавиштсоз иртиботи мустақим ва ногусастанӣ дорад.
Дар идома ҷавонони фаъоли ноҳия низ ба сухан баромада, аз дастгириву ташаббусҳои Пешвои миллат нисбат ҷавонон ёдоварӣ намуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ